«Зима 2025»

"Мехргон - дехканский праздник и символ изобилии" на таджикском языке

Мехргон дехканский праздник и символ изобилии

Олимпиады: Немецкий язык 2 - 11 классы

Содержимое разработки

CОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА

ИДИ КАСБИИ КИШОВАРЗОН ВА ЉАШНИ МЕЊРГОН

Мавзўъи дарс: Мењргон иди дењќон ва рамзи фаровонист.

Маќсади дарс: Дар ќалби хонандагон эњё намудани суннатҳои неки инсонӣ, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзон ва арљ гузоштан ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш.

Аёният: Намоиши газетањои деворї ва овехтани шиору овезањо бахшида ба љашни Мењргон; Оростани дастархони ҷашнӣ: шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш: монанди гулоб, ҳазориспанд ва ѓайра; Сабти овоз, презентатсия ва мусиќї.

Муаллим Зумратов А.Х.:

Мењр дидам, бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон сўйи Ховар мешитофт.

Нимрўзон бар сари мо баргузашт,

Чун ба Ховар шуд, зи мо нодид гашт

Тирамоњ яке аз фаслњои зеботарини сол мебошад, ки мањз дар њамин фасл баргњои дарахтон заррин шуда, тиллову нуќра ва дурру марљон мегарданд, ки аз дидани ин зебоманзарањо инсон ба ваљд омада, дилаш фарањ-фарањ мекушояд.

Дар ин фасли заррин иди касбии кишоварзон ва љашни Меҳргон бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, ки хонандагони мо низ бахшида ба ин љашн омодагї гирифтаанд, ки бо камоли майл пешкашатон мегардонем:


1.Кенљаева Шарифамоњ: Тирамоњ! Баробари омаданат хушиву хушбахтиро њамроњ меорї. Шояд боварат наояд, вале медонї, омаданатро як чанд рўз ќабл эњсос намудаву ба машомам буятро шамоли форам овард. Чунон ба фикр дода шуда будам, ёди ёдњои гузашта, ёди тирамоњњои ќаблї, ёди лањзањои ширин маро лањзае ба дурињои дур бурд. Оњ чи сон ба ту гўям, ки боварам кунї, охир дўстат медорам ай тирамоњи зебоям…Хуш омадї ба кишвари мо, биё!


2.Исоќов Бурњониддин:

Шўњрати бисёр дорад тирамоњ,

Номи лангардор дорад тирамоњ..

Дасти боло, рўи хандон, чашми сер,

Домани бурбор дорад тирамоњ.

Пањн карда хони зебо дар замин,

Нозу неъматњои дунё дар замин.

Мекунад моро ба даргоњаш хабар,

Дорад он тўю тамошо дар замин.

Хам шуда сўи замин бо эњтиром,

Медињад аз номи колхозчї салом.

Чун дарахти сершоху сербарг,

Мисли домоду арўси некном.

Кўњсор аз Шарќ чун дењќони пир,

Мебарад тўёнањои беназир.

Лаълии заррин ба сар бардошта,

Њар сањар гўяд, ки: аз ман њадя гир! (Мирзо Турсунзода)

3.Болтаева Манижа: Меҳргон калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози гон сохта шудааст. Пасванди гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст.


4.Ќодиров Шањбоз: Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад. Дар истилоҳ Меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ аст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқа дорад. Дар замонҳои қадими тотаърихӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд.


5.Одинаев Умарљон: Мењргон иди њосил аст ва аз ќадим боз инљониб ин њосил дар байни сокинони мухталифи дунё ба гунае љашн гирифта мешавад. Мардуми Тољикистон низ аз замони Зардушт то имрўз ин љашнро љашн мегиранд. Махсусан дењќонони гулдасти диёри зебоманзарамон низ дар аввали бањор бо чи ќадар умеду орзу дона пошида буданд, дар ин айёми тиллої, яъне дар тирамоњи зарринсор њосили фаровони хешро меѓундоранд ва ризќу рўзии мардуми кишварамонро таъмин мекунанду аз додаи Худованд шукр мегўянд ва ин идро бо хотири болида таљлил мекунанд.


6.Сайдалиева Лола: Эҳёи ифтихороти миллӣ  ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккули он вазифаи муҳими имрўзиён аст. Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дўстию рафоқати одамон ба якдигар, накўкорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.  Ин ҷашн рўзи 16- и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои  таърихӣ  бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.


7.Завќова Шабнам: Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Митро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмуз) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то мелод ва аасри дуюми мелодӣ) пайдо мешавад.


8.Одинаев Ќадриддин: Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монивӣ Митро ном дорад. Дар Бобулистон ва Бохтари қадим низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст. Гузаштагони дури мо–ориёиҳо ва баъдтар бохтарию суғдиҳо дар даврони қадим ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш қадрдонӣ мекардаанд.


9.Додобоева Мењрона: Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне дар моҳи бағ, моҳи иди Митро Худои Офтоб ба шарафи пешсафу ғолибони даври худ ид меоростаанд. Калимаи «бағ» дар порсии қадим ба маънои худоён ва баъдтар бо тағйири шакл ба Митро табдил гаштааст. Дар форсии қадим моҳи иди бағ (ё ба суғдӣ фағ) низ маънои Меҳр Офтобро доштааст.


10.Сайфуллоева Ганљина: Як чизи дигар аз таърихи забон ва адабиёт маълум ва аниқ аст, ки рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фариштаи зардуштӣ Фурӯғ будааст. Худи калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!


11.Њамидов Фаромўз: Меҳргон, ҷашни он, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод буда, ба ягон дин тааллуқ надорад. Эронинажодон дар қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон (hama) ва зимистон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кардааст.


12.Убайдуллозода Њољиёќуб: Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст. Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб 1 моҳро (аз 23.09. то 23.10.) ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар санаи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст».


13.Сафарова Сабрина: Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Дар яке аз онҳо омадааст, ки пас аз солҳои тӯлонӣ (ҳазор сол) ҳукм рондани Заҳҳоки Биюросб (Заҳҳоки Морон) ва бо морони майнаи одамхораш зулми зиёдеро ба халқ раво дидани он, халқ ба дод омадаву тоқат аз даст дода ба муқобили ӯ бармехезад ва вориси тоҷу тахти сулолаи қадимаи Пешдодиён Фаридунро ба сари ҳокимият мехонад. Шӯришгаронро Коваи Оҳангар сарварӣ мекард, ки аз дасти Заҳҳок ҷабри бисёре дида буд. Заҳҳок ҳабдаҳ писари ӯро ба қатл расонида, мағзи сари онҳоро ба морони майнахӯраш дода буд. Коваи Оҳангар пешдомани чарминашро ливо карда одамонро барои нобуд сохтани Заҳҳок мебарад. Заҳҳок аз ҳамлаи мардуми озодихоҳу адолатҷӯ мағлуб мегардад. Халқ Заҳҳокро ба кӯҳи Дамованд маҳбас карда, Фаридунро ба тахти меросии аҷдодонаш мешинонад.Аз ҳамон вақт таъбири «дирафши ковиёнӣ» пайдо гаштааст.


14.Ањроров Ањмадљон: Меҳргон яке аз кўҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. «Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст» - гуфтааст пешвои миллат Эмомалӣ Рањмон. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

 
15.Нозирљонзода Нурафрўз: Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.


Суруди «Ассалом эй пахтакорон, ассалом» дар иљрои Ањроров Ањмадљон.


16.Шарипов Шомилљон: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8-уми октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.


17.Одинаев Абубакр: «Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст», - зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.


18.Мусоева Мањваш: Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи ин Иттиҳод маҳсуб мешуд, ҷашни Меҳргон чун Наврӯз ва Сада аз идҳои мазҳабӣ талаққӣ шуда, таҷлил аз онҳо барои сокинони кишвар мамнӯъ буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Гуфта мешавад, Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд.

 

19.Халифаева Сабрина: Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ - Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.


20.Муњаммади Бахтиёрзода: Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.


21.Алиева Рисолат: Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.


22.Хазирова Фариза: Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад. Сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзиҷот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ як гоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.


Суруди «Пахта-пахта, љон пахта» дар иљрои Собирова Сарвиноз.


23.Давлатов Шоњрўх: Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзиҷот ва меваи хушкро ба мамолики хориҷӣ, бахусус Русия содир мекунанд, ки ин амр тақозои иқтисоди бозаргонист. Кишоварз дар фурӯши маҳсулоти хеш озод аст ва барои ба даст овардани даромади хуб метавонад тавлидоти худро ба хориҷи кишвар содир кунад. Љашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.


24.Нозимзода Шањзода: Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Рӯзи аввали идро “Меҳргони омма” меномидаанд ва ид шаш рӯз давом ёфта, рӯзи охири онро, ки Ромрӯз ном доштааст, Меҳргони хосса мегуфтаанд. Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд.


25.Ѓалатова Сафина: Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.


26.Сулаймонова Гулнора: Овардаанд, ки шаҳрбон (шаҳрдор, ҳоким)–и Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристода будааст. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон (180-22.09.239) ва Хусрави Анушервон (вафоташ соли 579, солҳои ҳукмронияш 531-579) дар он рӯз ба мардум ҳадяҳо медодаанд. Абӯрайҳони Берунӣ чандин анъанаҳои иди Меҳргонро махсус қайд намудааст. Аз нақли ӯ маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онро нобиғаи ҳамватанамон чунин ба қалам медиҳад: Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст:–Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед! 


27.Фозилова Умеда: Аз рӯйи гуфти Салмони Форс Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд. Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба ҷондорҳо ҷон ато карду муқарри (соҳиби) арвоҳ гардонид. Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст.


28.Раљабов Авазбек: Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон рӯзҳои байни иди Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро бо ҳам пайваста чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар давраи Ҳурмуз – писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ карда шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ид мекардаанд.


29.Рафиева Муниса: Анъанае низ роиҷ будааст, ки чун дар маъракаи иди Наврӯз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки рамзи ба худ хоссе доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростаанд. Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд. Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Гоҳо шумораи навъи нонро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд: аз қабили найшакар (ё шакар), турунҷ (мевае аз ҷинси лимӯ ва афлесун), себ, биҳӣ, анор, унабӣ (ҷигда) ва ангури сафед ва меваҳои гуногуни нав хушк кардашуда.


30.Шарипов Муњаммадљон: Инчунин рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хосси худро дошт. Шакар ширин гузаронидани умр, хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, бӯйи хуш, гули нилуфар–ҳатто дар об реша доштан, норгил ё чормағз–сахт будани тан ва сермағзӣ, ҷавзи ҳиндӣ–пурборӣ, муруд–хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ, ҷоми тиллоӣ–шаҳомат, покӣ, баракат, анор–серфарзандӣ, равғани зайтун– хушбӯйӣ.


31.Давлатова Руфина: Дар атрофи дастархон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳоро менавиштаанд. Ба шоҳони Сосонӣ рӯйи лаълии калони заррин шакар, ҷавзи ҳиндӣ, хурмои тоза, чормағзи ҳиндӣ ё норгил ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдӯшида ва машрубот пешкаш менамудаанд. Анъанае низ будааст, ки одамон дар рӯзи Меҳргон ба тани худ равғани бон (зайтун) молида ба наздиконашон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол, яъне то Меҳргони нав сиҳату саломат ва сарбаланду зиндагиашон чун гулоб пурнакҳат бошад.


32.Негматов Суннатљон: Љашни Мењргон дар даврони ќадим ва махсусан дар ањди Сосониён хеле тараќќї карда буд, минбаъд бо таѓйири шакл дар ањди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоњириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халќ маъруф гашт. Дар даврони иттињоди Шўравї ин ид шаклан таѓйир ёфт. Тирамоњон дар бисёр љумњурињои Иттињоди Шўравї, махсусан дар љумњурињои Осиёи Миёна маъракањо бо номи “Иди њосилот” гузаронида мешуданд.


33.Довудов Тољиддин: Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврўз ва Сада иди Меҳргон таърихи чандҳазорсола дорад. Аз ҷумла, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораҳоро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад.


34.Раљабов Алиакбар: Ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукўҳу шаҳомати хосса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.


35.Валиев Саъдї: Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рўз аст ва аз 23-юми сентябр то 22-юми октябр давом мекунад.


36.Дайхудоев Сорбон: Гузаштагони бофарҳангамон санаи 15-уми Меҳрмоҳро Рўзи Меҳр меномиданд ва одатан ҷашни Меҳргон дар ҳамин рўз таҷлил мешуд. Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.


37.Шарипов Хайриддин: Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат, Љаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рў ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. 

 
38.Нозирљонзода Нурафрўз: Ҳамасола ҷашни касбии кишоварзон ва иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар ин ҷашни бошукуҳ меҳнати беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ собиқадорони меҳнат, собиқ вазирони кишоварзӣ, қаҳрамонони меҳнат қадрдшиносӣ карда мешавад. Боиси хурсандист, ки кишоварзони мамлакатамон имсол низ ҷашни расмии Меҳргонро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд.


Муаллим Зумратов А.Х. Устодони арљманд, мењмонони гиромї ва хонандагони азиз бахши Мењрномаи Мењргонро дар иљрои дигар хонандагон манзуратон мегардонем:


39.Њамидов Фаромўз:

Шод бошед, ки љашни Мењргон омад,

Бонгу овои дарои корвон омад.

Корвони Мењргон аз Хизрон омад,

Ё зи аќсои билоди чиниён омад.


40.Муњаммади Бахтиёрзода:

Мењргон омаду Симурѓ биљунбид аз љой,

То куљо пар занад имсолу куљо дорад рой

Њама мурѓони љањон cap ба хас андар шудаанд,

Андар он вакт, ки Симург биљунбад аз љой.

Андар ин вакт чи шоњину чи бозу чи уќоб

Љумла мањбуси сипоњанд, бар эшон бахшой.


41.Мирзозода Шоњина:
Нигоҳи поку донишманду ҳушёр,
Адолатпешаву соҳиби афкор.
Ба чор унсури олам эҳтиромат,
Ба рушди ин Ватан фикру маромат.
Ба аҳли Хуталон ҳамчун бародар,
Ба рӯзи сахтию рӯзи мунаввар.
Ба наздат қадри инсонҳо баланд аст,
Амалҳоят ба мардумон писанд аст.
Дар ин ҷашни накӯву Рӯзи меҳргон, 
Ба бахти аҳли халқу мулки Сомон,
Пирӯзию саодат ёратон бод,
Зафар дар зиндагиву коратон бод.

42.Болтаева Манижа:
Ба кишту кори деҳқони саходаст,
Ба чӯпону ба мурғу моҳию шаст,
Ба коҳу майсаву гандуму шолӣ,
Намонад то ки марзи кишт холӣ.
Ба чашми дил назар дорӣ ба ҳомун,
Ба майдонҳои пур аз бору гулгун. 
Шукуфон боғу роғу дашту саҳро,
Фараҳ бахшад ба инсон бӯйи гулҳо.

43.Убайдуллозода Њољиёќуб:
Асал дору ба ҷисми нотавон аст,
Асал дору ба ҳар давру замон аст.
Ҳазор раҳмат ба боғу гулу райҳон, 
Ки ин ҳадя зи дасти Яздон аст.


44.Сулаймонова Гулнора:
Ҳар ки аз нахли ҳисоб ёбад самар,
Во шавад асрори даргоҳи Қамар.
Ганҷи мо гардад фузун аз иқтисод,
Қалби ҷайби мо шавад аз ханда шод.
Қурби сомон қалби ҷисми меҳан аст,
Рушди сомон роҳати ҷону тан аст.
Ин замину ин самову ин фазо 
Созгор аст аз барои ризқи мо.

45.Одинаев Ќадриддин:
Пиёзу сабзии мардуми Хатлон, 
Гаҳе, ки қиммат асту гаҳ, ки арзон.
Чунон афзун намо пиёзу сабзӣ, 
Ки дар бозори мо гардад фаровон.

46.Шарипов Шомилљон:
Оқилу доно бувад марди ҳунар,
Дур аз ғавғо бувад марди ҳунар.
Ӯ наҷӯяд шуҳрату шону ҷалол,
З-он ки аз илму амал ёфта камол.
Бахт бошад раҳнамо дар моҳи меҳр,
Файз бошад раҳкушо дар моҳи меҳр.

47.Ѓалатова Сафина:
Нони гандум зеби дастархони мо,
Лаззаташ роҳат ба кому ҷони мо.
Ҳосилаш афзун намо, эй марди кор, 
З-он, ки дорем мо ба номат ифтихор.

48.Фозилова Умеда:
Бо кишоварзону мардони далер,
Бо чӯпоне, ки наметарсад зи шер.
Бо дарахту сабзаю боғу чаман,
Ҳамраҳу ҳамсуҳбатӣ, марди ватан.

49.Сайдалиева Лола:
Дашту майдони гулафшону базеб,
Боғу роғи дилрабову дилфиреб.
Себу ангуру анори гулбасар,
Пеши мардуми ҷаҳон шуд ҷилвагар.


50.Ќодиров Шањбоз:
То ба Наврўз андарун бошад нишони навбањор,

То сипоњи тирамоњ орад нишони Мењргон.

Хуррамию зиндагонию бузургию њунар

Бо ту бод ин њар чањор, эй шоњи гетї, љовидон.


51.Хазирова Фариза:

Аз барг чун сањифаи бинвишта шуд замин

В-аз абр чун талояи симин шуд осмон.

Боди хазон ба љоми муноќиб кашид зар,

Номењрубонї аз чї кабал кард Мењргон.

Боди хазон аз об кунад тахтаи булур,

Дебои зарбофт дарорад зи парниён.

Дар зери шохањои дарахтон, миёни боѓ

Динор туда-туда кунад пеши боѓбон.


52.Давлатов Шоњрух:

Ман з-ин хазон ба шукрам, к-он Мењргони ўст

В-аз ман амир мадњ ниюшад ба Мењргон.


53.Одинаев Абубакр:

Бикшод Мењргон дари иќбол бар љањон,

Фархунда бод бар малики Шарќ Мењргон.


54.Сафарова Сабрина:

Як рўз монда боз зи моњи бузургвор,

Оини Мењргон натавон кард хостор.

Овози чангу барбату бўйи шароби хуш

Бо моњи рўза кай бувад ин њар ду созгор.

Гў, пор низ њам ба мањи рўза омадї,

Сўйи ту халќ њељ нигањ карда буд пор?


55.Довудов Тољиддин:

Омад хуљиста Мењргон-љашни бузурги хусравон,

Торунљу нору арѓувон оварда аз њар ноњия.

Гулнорњо берангњо, шоњиспарам бељангхо,

Гулзорњо чун гунгњо, бустонњо чун авдия.

Лола нарўяд дар чаман, бодом накшояд дањан,

На шабнам ояд бар суман, на бар шукуфа андия


56.Алиева Рисолат:

В-он норњо бин дањ рада бар норван гирд омада,

Чун њољиён гирд омада, дар рўзгори тарвия.

Гарде бар обе бехта, зар аз турунљ ангехта,

Хуша зи нок овехта, монанди саъдулњаббия.

Ангурњо бар шохњо монандаи љамљоњњо,

Ованљашон чун коњњо, бўстонашон чун лодия.





9


Получите свидетельство о публикации сразу после загрузки работы



Получите бесплатно свидетельство о публикации сразу после добавления разработки


Серия олимпиад «Зима 2025»



Комплекты учителю



Качественные видеоуроки, тесты и практикумы для вашей удобной работы

Подробнее

Вебинары для учителей



Бесплатное участие и возможность получить свидетельство об участии в вебинаре.


Подробнее