«Зима 2025»

"Птицы - наши друзья" на таджикском языке

Тема "Птицы - наши друзья" понодовится классному руководителю для проведения классного часа

Олимпиады: Русская литература 5 - 11 классы

Содержимое разработки

CОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА

ИДИ ПАРАНДАГОН

Мавзўъи дарс: Ҳокимони фазо — дӯстони мо

Маќсади дарс: Дар ќалби хонандагон бедор намудани њисси ѓамхорї нисбат ба табиат, инчунин баланд бардоштани рушди маърифати экологии ҷомеа ва муҳофизати ҷонварони нодир аз қабили паррандагоне, ки ба «Китоби сурх»‐и Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Аёният: Намоиши газетањои деворї ва овехтани шиору овезањо бахшида ба Иди парандагон; Оростани намоиши парандањои хушхон ва хонагї; Сабти овоз, презентатсия ва мусиќї.

Муаллим Зумратов А.Х.: Якуми апрел дар миқёси ҷаҳон «Рўзи байналмилалии паррандаҳо» (International Bird Day) таҷлил мегардад.  Идеяи баргузории ин рӯз  соли 1894 дар ИМА пайдо шудааст. Сипас, расонаҳои хабарӣ васила шуданд ва таҷлил аз ин рӯз ба дигар нуқоти олам паҳн шуда, ҷаҳонӣ гардид. Аммо, таҷлил аз ин рӯз ҳанӯз дар бештари кишварҳои рӯйи дунё маъмул нашудааст.


1. Айматов Муњаммад. Ба гуфтаи олимони табиатшиносӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ барои паррандаҳои кӯчӣ ва ё мавсимӣ яке аз минтақаҳо муҳим буда, макони зисти ҳазорҳо паранда мебошад. Маъмулан ба ин минтақа дар фасли зимистон аз Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ парандаҳои мавсими меоянд ва дар фасли гармо, то оғози сардиҳо лона мегузоранд.


2. Завќова Шабнам. Ҳомиёни муҳити зист яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани парандагони нодир ва ё пайдо шудани намудҳои нави парандагонро ба кам омӯхтани олами парандагон ва таъсири тағйирёбии иқлим дар минтақа медонанд.


3. Исоќов Бурњониддин. Мутахассисон изҳор медоранд, ки паррандагон ягона мавчудоти зинда дар табиатанд, ки организмашон замони нафаскаши гази оксигенро ду маротиба қабул мекунад. Яъне, вақти нафаскашӣ шуши онҳо аз гази оксиген пур мешавад ва қисми зиёдатии ҳаво ба халтаҳои шуш гузашта,  ҳангоми баровардани нафас гази оксигени дар халтаҳо буда, боз ба шуш мегузарад.


4. Сулаймонова Гулнора. Ҷисми ин синфи олами наботот бо пар пӯшонида шудааст, ки дар ҳаёти онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз як сӯ пар ба паррандаҳо зебоӣ бахшида, таввасути он ба баландиҳо ва дуриҳои дур парвоз намоянд, аз ҷониби дигар онҳоро аз таршавӣ, сармо ва дигар омилҳои таъсиррасони беруна ҳифз менамояд.


5. Ќодиров Шањбоз. Масъулини ҳифзи муҳити зисти кишварро мебояд, ба хотири рушди маърифати экологии ҷомеа ва муҳофизати ҷонварони нодир аз қабили парандагоне, ки ба «Китоби сурх»‐и Тоҷикистон ворид гардидаанд, корҳои тарғиботиро миёни сокинон вусъат бахшанд.


Муаллим Зумратов А.Х.: Ќариб њамаи хонандагон ба сайру гашти табиат завќу њаваси зиёд доранд. Дар табиати зебоманзари Тољикистони мо парандањо, аз он љумла парандањои хушхон хело зиёд мебошанд. Он парандагоне, ки дар давраи љушу хуруш ва хушњол буданашон љеѓзанї ё хониш мекунанд, парандањои хушхон њисобида мешаванд. Ба ин парандањо булбул, соч, кабк, бедона, дуррољ, саъба, љавхўрак, чархресак ва ѓайрањо дохил мешаванд. Њоло аз хонандагон хоњиш мекунем, ки дар бораи баъзеи онњо ба мо маълумот дињанд, марњамат хонандагони азиз!


6. Алиева Рисолат. БУЛБУЛ яке аз машњуртарин парандањои хушхони Тољикистон ба њисоб меравад. Вай бо омад-омади бањор аз мамлакатњои гарм моњхои апрелу май ба Тољикистон меояд. Он бештар дар боѓњои серсоя ва дарањои салќини кўњї лона мегузорад. Булбул 4-5 тухм гузошта аз онњо чўља мебарорад. Дар охири моњи сентябр кўчиш намуда, ба мамлакатњои гарм барои зимистонгузаронї меравад. Булбул парандаи хурди хокистаранг буда, дар моњи май чањ-чањи хушоњанги он шабу рўз беист ба гўш мерасад. Махсусан шабњои мањтобї чањ-чањи онњо боз њам фаъолтар мешавад. Дар ин ваќт булбули модина аз паи гузоштани лона мегардад. Лонаро дар шохи дарахтон ва бутта зери анбўњ мегузорад. Булбул парандаи њашаротхўр буда, хело фоидаовар аст.


7. Убайдуллозода Њољиёќуб. ЗАРГУЛДОР хело паррандаи зебо буда хушхон мебошад. Вай бањорон парида меояд ва тирамоњ ба мамлакатњои гарм парида меравад. Заргулдор бештар дар боѓњои истироњатї ва кўњсорони Тољикистон маскан мегирад. Дар шохњои баланди дарахтон лона гузошта аз 4 то 5 тухм мегузорад. Заргулдор паррандаи њашаротхўр буда, ба соњаи боѓдории Тољикистон фоидаи калон мерасонад.


8. Болтаева Манижа. САЪБА яке аз парандањои базебу хушхони Тољикистон ба њисоб меравад. Вай бештар дар боѓоти кўњсор, буттазори нишебии кўњњо, соњилњои дарёњо ва љангалзорњои Тољикистон вомехўрад. Вай парандаи хурдест, ки болу пари хокистарранг дошта, дар болаш рахњои намоёни зард дорад. Саъба парандаи алафхўр буда, тобистон дар кўњњо, зимистон дар водии дарањо ва љойњои ањолинишин зиндагї мекунад. Хушхонии вай бештар њангоми лонасозї ва тухмгузорї дар фасли тобистон ба гўш мерасад.


9. Халифаева Сабрина. СОЧ (МАЙНА) яке аз парандањои муќимии Тољикистон ба њисоб рафта, дар водињо, дењањо, шањрњо ва боѓњо вомехўрад. Мушоњида шудааст, ки аз сатњи бањр баланд, зиндагї менамояд. Сочњо охирњои апрел љуфт шуда, лона месозанд ва ба афзоиш шурўъ менамоянд. Лонаро дар гўшаи бом, ковокии дарахтон лонаи кўњна, зери санги кўњ месозанд ва 5-6 тухм мегузоранд. Соч дар тобистон ду маротиба чўља мебарорад. Хўроки соч њашарот, кирмина баъзан, олуболу, гелос ва ангур мебошад. Соч ќобилияти «сухангўї» дорад. Барои ин сочи љавонро муддати дароз калимањоро ёд медињанд. Вай то дањ дувоздањ калимаро ёд мегирад. Масалан «салом», «хайр», «рањмат», «хуб», «бад» ва ѓайра. Аз ин рў дар мамлакатњои Шарќ сочро дар ќафас нигоњ медоранд. Муњаббати халќ ба соч дар он аст, ки баъзе калимањоро такрор карда метавонад. Чўљахои соч пурхўр буда, баробари вазни худ дар як шабонарўз хурок мехўранд. Хуроки онњо бештар њашарот ва кирминањо мебошад.


10. Нозирљонзода Нурафрўз. КАБК - дар Тољикистон дар баландии 3500 м то 4000 м аз сатњи бањр дида мешавад. Рангаш ќањвагии паст буда, сару синааш дурахши хокистарї ва нуќрагин аст. Ранги нўл ва пойњояш сурхи баланд аст. Дар назди чашмонаш рахњои пари сиёњтоб мављуданд. Вазни кабк аз 600-900 г. мебошад. Тобистон растанї, инчунин пиёзак, дони љаву гандум мехўрад. Бањорон ѓизои кабк бисёр ваќт аз гамбуск, малах, кирм ва туќумшулуќ иборат аст. Зимистон бошад, меваи буттањои кўњї ва тухми алафро чида мехўрад. Кабкњо дар зери буттањо, байни сангњо инчунин чуќурчањои махсус лона месозанд ва аз 5 то 12, баъзан зиёдттар тухм мегузоранд. Кабк парандаи эњтиёт кор буда, њангоми ба садо тарсонидани он њамон дам ба нишебии дигар парида меравад. Кабк парандаи тез ромшаванда буда, тољикони мо онро барои хониши форамаш дар ќафас нигоњ медоранд. Вай ба Китоби Сурхи Тољикистон дохил шудааст.


Намоиши фотоќиссаи «Эй кабки дарї»аз компютер.


Омўзгор Зумратов А.Х.: Биёед хонандагони азиз барои љолиб гузаронидани дарси тарбиявї дар мавзўи «Парандањо» Викторина мегузаронем.


Саволњои викторинаро ман чунин тартиб додам:


  1. Давлатов Шоњрух: Дар Тољикистон чанд намуди паранда мављуд аст?

(385 намуд)

  1. Шарипов Муњаммадљон: Парандаи тропикиеро номбар кунед, ки гули растаниро гардолуд мекунад?

(колибра)

  1. Раљабов Авазбек: Парандагони муњимии мањалро номбар кунед.

(зоѓи сиёњ, лойхурак, мусича, ...)

  1. Шарипов Шомилљон: Парандаи наќоранавози љангалро гўед.

(эзорсурхак)

  1. Нозимова Шањзода: Кадом парандаи калонтарини рўи заминро медонед?

(шутурмурѓ)

  1. Ањроров Ањмадљон: Кадом парандањои соњибчанголи љангалро медонед?

(бум, чуѓз, сип ва ѓайра)

  1. Дадабоева Мењрона: Кадом парандагон саф ороста парвоз мекунанд?

(турнањо)

  1. Мирзозода Шоњина: Кадом паранда ќобилияти парвозкунии худро гум кардааст?

(пинвинг)

  1. Рафиева Муниса: Ватани асосии товусро гўед?

(Австралия)

  1. Мусоева Мањваш: Кадом парандањо лонањои худро дар замин мегузоранд?

(мурѓ, мурѓобї, шутурмурѓ, кабк, мурѓи марљон, лаклак)

  1. Ѓалатова Сафина: Тухми кадом паранда аз њама калонтар ва аз њама хурдтар аст?

(тухми шутурмурѓ аз њама калон, тухми калибрїаз њама хурд)

  1. Одинаев Ќадриддин: Парандаеро номбар кунед, ки дар як шабонарўз 2-3 баробари вазнаш њашаротро несту нобуд мекунад?

(фотимачумчумчуќ)

  1. Собирова Сарвиноз: Њамаи парандагони Тољикистонро, ки ба «Китоби сурх» дохил шудаанд, номбар кунед:

(уќоб, мурѓи њилол, ќози кўњї, дуррољи сафедпо, шоњин, доснўл, мурѓи њумо, каргас, зарѓелак, зоѓи обї, чархресак, достак, кабк ва ѓайрањо)

  1. Забирзода Каримљон. Кадом паранда нисбати насли худ ѓамхорї зоњир намекунад?

(куку).


Омўзгор Зумратов А.Х.: Биёед хонандагони азиз бахши чистонњоро дар мавзўи «Парандањо» пешнињод менамоем.


Чистонњоро ман чунин интихоб намудам:

  1. Салимова Моњбибї.

Аз кўњ баромад аќрарангу таќраранг,

Бо љомаи њафтранг, бо мўзањои сурхранг.

(кабк)

  1. Хазирова Фариза.

Нохунаш чун нохуни шеру паланг,

Тољи шоњї ба сараш њангоми љанг.

(хурўс)

  1. Сафарова Сабрина.

Љонвараке бидидам, аљаб хуш месарояд,

Сари ѓунча нишаста, шабро сањар намояд.

(булбул)

  1. Дайхудоев Сорбон.

Пушт - палос, сина - карбос,

Нўл - дук, дум - дароз.

(акка)

  1. Саёњати Мањмадшариф.

Гўсфанди бебара,

Муллои бесалла.

(зоѓ)

  1. Анисаи Насим.

Чист он луъбати писандида,

Атласи бешумор пўшида.

(товус)

  1. Сайфуллоева Ганљина.

Аз кўњ баромад мири фаш-фаш,

Дар сар кўлоњу љома мунаќќаш.

(њудњудак)

  1. Юлдошев Бењрўз.

Аз дур меояд тир барин,

Сафедии синааш шир барин.

Кабудиаш нил барин,

Менишинад саги пир барин.

(акка)

Шунавонидани Суруди «Парандахо»-и Ситораи Кароматулло аз компютер.


Омўзгор Зумратов А.Х.: Њоло мехоњем бахши «Оё моро мешиносед?»-ро пешкашатон намоем. Дар ин бахш хонанда бо овози парандаи дилхоњаш таќлид мекунад ва Шумо ўро ном мебаред, ки овози кадом паранда аст. Марњамат хонандагони азиз!

Шарипов Муњаммадљон: овози чуѓз.

Хољаев Муњаммад: овози соч (майна).

Фозилова Умеда: овози булбул.

Довудов Тољиддин: овози кабк.

Њабибуллоева Манижа: овози хурўс.

Баротов Матин: овози зоѓ.

Шоимардонов Муњаммадшариф: овози мурѓ.



6


Получите свидетельство о публикации сразу после загрузки работы



Получите бесплатно свидетельство о публикации сразу после добавления разработки


Серия олимпиад «Зима 2025»



Комплекты учителю



Качественные видеоуроки, тесты и практикумы для вашей удобной работы

Подробнее

Вебинары для учителей



Бесплатное участие и возможность получить свидетельство об участии в вебинаре.


Подробнее