«Зима 2025»

"Сада объявит радостную новость о Наврузе" на таджикском языке

Тема "Сада объявит радостную новость о наврузе" классному руководителю для проведения классного часса на Праздник Сада

Олимпиады: ИЗО 1 - 7 классы

Содержимое разработки

CОАТИ ТАРБИЯВЇ БАХШИДА БА ЉАШНИ САДА

Мавзўъи дарс: Сада омад, ки туро мужда дињад аз Наврўз.

Маќсади дарс: Дар ќалби хонандагон эњё намудани суннатҳои неки инсонӣ ва арљ гузоштан ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш.

Аёният: Намоиши расму газетањои деворї ва овехтани шиору иќтибосњо бахшида ба љашни Сада («Сада-муждаи Наврўз!», «Љашни ќадима», «Рўзи дањуми моњи Бањман», «Љашни Сада муборак!», «Њушанг-асосгузори љашни Сада»); оростани намоишгоњи дарахту буттањо ва гулу гиёњхои навруста ва ѓайра; сабти овоз, презентатсия ва мусиќї.


Омўзгор Зумратов А.Х.: Устодони азиз, падару модарони мењрубон, мењмони гиромї, шогирдони азиз! Ниёгони мо дар гузашта љашнњои зиёдеро аз ќабили Наврўз, Урдибињишт, Нилуфар, Тиргон, Фарвардин, Хуррамрўз, Озарљашн, Шањривар, Мењргон ва ѓайраро ботантана таљлил мекарданд, ки дар байни онњо љашни Сада маќоми арзандае дошт. Љашни мазкур њар сол рўзи дањуми моњи ёздањуми солшумории шамсї-Бањман бо шукўњи хосса барпо мегардид. Аз ин рў, соати тарбиявии имрўзаро, ки ба љашни Сада бахшида мешавад, кушода эълон менамоям.


1.Завќова Шабнам: Ҷашни Сада яке аз се ҷашнҳои кўҳантарин ва бузургтарини бостонии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, ба даҳуми баҳманмоҳи ҳафтаи нахустини моҳи феврал дуруст меояд. Боиси ифтихору хушнудист, ки Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин се ҷашни муқадасси миллї, яъне Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои ҷашнгирии бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзад.


2.Айматов Муњаммад: Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти вижае доштанду доранд, фарзонагону донишиёни мо дар ҳар давру замон пофишориҳои фаровон карда, гаҳе ҷон ба гарав низ гузоштаанд. Бузургоне чун Фирдавсии озармин, ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба Эрон, дар баробари таассуф доштан аз он ки «Эрон куноми палангону шерон мешавад», дареғу дард дошт, ки ҷашнҳои Наврӯзу Сада тира хоҳанд гашт:


Њамаи хонандагон: Аз ин зоғсорони беобу ранг

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.


3.Собирова Сарвиноз: Мутаасифона ин ҷашни хеле зебои тоҷикон гармиву равшании худро то андозае аз даст дода, дар садсолаи ахир тира гашта, рӯ ба нобудӣ ниҳодааст. Ҷашни Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвастагие надошта, як ҷашни миллии эронитаборон ва ҳатто ҳамсоягони онҳо мебошад. Дар матнҳои паҳлавӣ ва ойини зартуштӣ аз ҷашни Сада ёдоварӣ нашудааст, бинобар ин яқин аст, ки он пайвастагие ба бовариҳои зартуштӣ надорад. Дар даврони ҳозир зартуштиён Садаро ҷашн мегиранд, вале онро ба дини худ пайваста намедонанд.


4.Исоќов Бурњониддин: Дар замони бостон шоми ҷашни Сада болои теппаву кӯҳҳо ва ё бомҳо баромада, аз ҳезуме хушк оташ бармеафрӯхтанд ва дар атрофи он таронаҳо хонда, рафтани сармо ва расидани гарморо орзу мекарданд. Ҷашни Сада, мисли дигар ҷашнҳои мардуми шаҳрнишину кӯҳнишини эронинажод, бештар ба шароити иқлимӣ, рухдодҳои кайҳонӣ ва омодагириҳои киштварзӣ вобастагӣ дорад.


5.Нозирљонзода Нурафрўз: Иддае аз донишмандон вожаи «сада»-ро баргирифта аз шумораи «сад» медонанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор - ул - боқия» навиштааст: «Сада гӯянд, яъне 100 ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона бишуморанд миёни он ва охири сол адади 100 ба даст меояд ва бархе гӯянд иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс - падари нахустин, дуруст 100 тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Маши ва Машиёна ба 100 расиданд ва низ омада: шумори фарзандони одам, Абулбашар дар ин рӯз ба 100 расид».


6.Одинаев Ќадриддин: Донишмандони бахши решашиносии забони форсӣ бар онанд, ки вожаи «сада» дар форсии бостон ба гунаи «sadok» ба маънии пайдо шудан ва дар форсии миёна ба сурати «sadag» буда, калимаи арабии «сазақ», баргирифтаи форсӣ мебошад. Ин вожа дар «Авасто» ба маънои баромадан, яъне тулӯъ кардан омадааст.


7.Фозилова Умеда: Пиндоре наздик ба яқин аст, ки пешиниёни мо чилрӯзагии хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман, чун Сада ҷашн мегирифтанд ва ин ном ба шумори 100 бад - он хотир пайваста аст, ки то фарорасии Наврӯз 50 шабу 50 рӯз мебояд посдорӣ кард ва пас аз 50 рӯз, яъне замони ба балоғат расиданаш хуршедро, рӯзи фархундаи фарвардин, аввали моҳи фарвардин - 21 март ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.


8.Исматов Азимљон: Дар миёни пажӯҳандагон чунин бинише вуҷуд дорад, ки он пайваста ба бовариҳои меҳрпарастӣ ва гоҳшиносии онҳо мебошад. Назар ба тақвими бостонӣ сол аз 150 рӯзи зимистон ва 210 рӯзи тобистон иборат будааст.


9.Ѓалатова Сафина: Аз оғози зимистон то даҳуми Баҳман 100 рӯз ва аз Сада то Наврӯз 50 рӯзи дигар ҳисоб мекардаанд. Дар ойини зарвонӣ бар он бовар будаанд, ки тайи моҳҳои Дай ва Баҳман, Аҳриман ниҳоят пурзӯр мешавад ва одамон барои ба поён расидани ин ду моҳ ва коста гаштани нерӯи Аҳриман дуоҳои хос мехондаанд.


10.Баротов Матин: Ҳамин аст, ки бархе доноёни гузашта падид омадани ҷашни Садаро бо амри Фаридун гуморидаанд. Дар «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайём чунин омадааст: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро бигирифт ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».


11.Довудов Тољиддин: Дар аҳди бостон чун ниёгони дурамон ойини меҳрпарастӣ ихтиёр доштанд, андешаҳои фарҳангиву фалсафиашон ғолибан пайваста ба хуршед буд. Бар он ишора доштем, ки Шаби Ялдоро ҳамчун шаби таваллуди хуршед ҷашн мегирифтанд ва маросимҳое иҷро мекарданд, то ба хуршеди дубора зодашуда чашми бад нарасад ва бо Аҳриман муборизаро давом диҳад.


12.Сайфуллоева Ганљина: Хуршеди 40 рӯза нерӯманд мешавад ва он 40 рӯзи хуршедро «Чиллаи бузург» ном ниҳодаанд ва рӯзи нахустини ҷашни Садаро, «Чиллаи хурд» номидаанд. Дар миёни тоҷикон, ба вижа мардуми кӯҳнишин то ҳанӯз тақвими мардумӣ ривоҷ дорад, ки назар ба он зимистонро ба «Чиллаи калон» ва «Чиллаи хурдак» фасл мекунанд. «Чиллаи калон» 40 шабу рӯз давом дорад ва «Чиллаи хурд»-ро 20 рӯз ва 20 шаб ҳисоб мекунанд, ки дар маҷмӯъ шумораи 40 мешавад.


13.Ќодиров Шањбоз: Сардиҳои зимистон дар кӯҳҳо ғолибан дар Чиллаи хурдак, яъне аз аввали феврал то 20 - 25 феврал авҷ мегирад ва ишора бар ин дар миёни мардуми кӯҳнишин чунин гуфтае ҷой дорад, ки мабни бар он Чиллаи хурдак гуфтааст, «агар мисли бародарам бузург мебудам, яъне 40 рӯза мебудам, курраи аспро дар шиками модараш хушк мекардам». Мардуми ин сарзамин пештар дар рӯзи ҷашни Сада оташ афрӯхта аз болои он меҷаҳиданд, хушнудӣ мекарданд.


14.Салимова Моњбибї: Чуноне дида мешавад, нисбат додани маросимҳои динниву миллиамон ба адади 40, реша дар ойинҳои бостон дорад; 40 рӯзагии тифл, 40 рӯзагии зоямон, 40 рӯзагии вафот ва ғайра. Беморон ба вижа занони бемори «зача», дар замини аз чашми дигарон дуртар се оташи хурд равшан карда, аз болои он се бор ҷаста ин суханонро ба забон меоварданд: «зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Сипас ба пушти сар нигоҳ накарда, мерафтанд.


Сурудани суруди «Аловпарак» дар иљрои њамаи хонандагон:


15.Юлдошев Бењрўз: Бачаҳоро бузургсолон таъкид мекарданд, ки агар хокистарҳои дар се ҷой пайи ҳам қарор доштаро бубинанд, аз болояшон қадам нагузоранд, зеро бемории шахси «аловпарак»-ро анҷом дода, ба ҷисми дигаре мегузарад. Ҳамчунон аз хотир дур намеравад, ки хокистари оташи шаби ҷашни Сада афрӯхтаро ба замини кишт мепошиданд, ки он фоли босамарии заминро дорад.


16.Забирзода Каримљон: Мардуми Бадахшон, ки беш аз дигарон суннатҳои миллии тоҷиконро нигаҳбониву нигаҳдорӣ кардаанд, то ҳанӯз вижагиҳои ин ҷашнро гум накарда, онро бо унвони «Хирпачор» таҷлил мекунанд. Ойини ба замини кишт пошидани хокистари ҷашни Сада, имрӯз дар миёни рустонишинони Кирмони Эрон ба таври густурда ривоҷ дорад.


17.Анисаи Насим: Иддаи дигари донишиёни нуктасанҷ ҷашни Садаро ба кашф кардани оташ нисбат додаанд, ки баргирифта аз устураҳои миллӣ мебошанд. Пайдоиши оташ ва муносибати инсонҳоро ба он ҳар қавму тоифае ба гунаи худ бозтоб кардааст, аммо тавсифи Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидон аз ҳама беҳтар ва заминиву воқеъгароёна мебошад.


18.Дайхудоев Сорбон: Муноддии аслу насаби форсӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар номаи бостон, ки бешак тарихномаи эронитаборон аст, кашфи оташро ба гузаштагони дурамон нисбат додаст. Дар достони Ҳушанг овардааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш мори сиёҳеро мебинад. Ҳушанг сангеро бардошта сӯйи мор меандозад. Санг ба кӯҳ бархӯрда, аз зери он фурӯғи оташ берун меояд.


19.Абдуллоева Гулноза: Таърихнигорони бузурги форсу тоҷик, аз ҷумла Берунӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ дар китобҳои худ овардаанд, ки ҷашнгириҳои Сада, ба сони ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯз дар замонҳои исломӣ, то истилои муғул идома дошта, ҳатто дар аҳди шоҳони турктабор бо ҷалолу шукӯҳи вижа баргузор мешудааст.


20.Шарипов Муњаммадљон: Абўрайњони Берунї дар бораи љашнгирии Сада мегўяд: Обон дањум рўз бувад аз Бањманмоњ ва шабаш, ки миёни рўзи дањум ва миёни рўзи ёздањум аст, оташњо зананд ва чормаѓзу бодом ва гирд бар гирди он шароб хуранд ва лавњу шодї кунанд. Агар мо оѓози љашни Садаро ба таќвими имрўза мувофиќ намоем ба рўзи 30-юми январ рост меояд.


21.Мирзозода Шоњина: Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» навиштааст: «Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрону Турон ба ҷой меоваранд. Баъд аз он ба имрӯз замони ин ҷашн ба дасти фаромушӣ супурда шуд ва фақат зартуштиён, ки нигаҳбони сухани бостонӣ буда ва ҳастанд, ин ҷашни бостониро барпо медоштанд».


22.Раљабов Авазбек: Низомии Ганљавї дар расмият будани оташафрўзиро дар љашнњои Наврўзу Сада хеле хуб ва бамаврид ќайд карда, аз љумла менависад:

Ба Наврўзи Љамшеду љашни Сада,

Ки нав гаштї, оташи оташкада.


23.Нозимова Шањзода: Шояндаи ёдкард аст, ки мардуми славянитабор, аз ҷумла русу украину белорусҳо ҷашне доранд ҳаммонанди Сада, бо унвони «Масленница», ки як идда вижагиҳои ҷашни эронинажодонро ба ёд меоварад. Онҳо низ оташ афрӯхта аз болояш меҷаҳанду зимнан ин ибораро ба забон меоваранд: «гуноҳҳоям бирезанд». Ва он рӯз, ки ба миёнаҳои моҳи феврал рост меояд, бо арҷгузорӣ ба офтоб робита дорад.


24.Саёњати Мањмадшариф: Љашни Сада пайвастагие бо бовариҳои диннӣ надошта, рӯзест арҷгузорӣ ба беҳтарин подошҳои Худованд - ба офтобу оташ, ки рӯшноиву гармӣ меоваранд. Ҷашни Сада гиромӣ бод! Худовандагори яктову беҳамто ба ҳамдиёрони гиромӣ шодкомиҳову беҳрӯзгориҳо бибахшад!


25.Сафарова Сабрина: Сада аз љашнњои ќадима аст. Дар «Фарњанги забони тољикї» марбут ба ин ид омадааст: «Сада-яке аз љашнњои эрониёни ќадим, ки рўзи дањуми бањманмоњ (29-30-юми январ) барпо мешудааст ва дар ин рўз оташи бисёр меафрухтаанд» ва пас, њамчун шоњиди маъно байте аз Фирдавсї оварда шудааст:

Зи Њушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун у дигар шањриёр.


26.Халифаева Сабрина: Дар китоби Ањмади Тафаззулї доир ба сабаби пайдоиши ин љашн чунин ишора аст: «Сабаби нињодани Сада он буд, ки чун Фаридун мардуми Зањњокро њамегирифт ва утўбат мекард, чунонки мустаљиб буд. Ва Зањњокро таббоње буд Армаил ном, ки мардумро куштї ва Maѓз берун гирифт. Фаридун ўро бигирифт ва фармуд, ки биёвезанд .... Армаил гуфт: Ман аз неку бештар аз он натавонистам кардан, ки њар рўз якеро љон боз додам ва яла кардаме. Пас, эй Малик, маро бад-он зиндагонї бахш ва макуш. Фаридун шод шуд ва гуфт: Ин њол чї гуна аст? Гуфт: Инак, кўњи Дамовандро паноњи хеш гирифтаанд ва он љо макон карда. Фаридун гуфт: Ман дурустии ин њол бикунам ва эшонро бубинам. Иттифоќ чунон афтод, ки чун он љо расид, шаб буд. Армаил бифармуд, то ба њама љойгоњ оташ кардаанд. Пас, њар кї аз эшон пайдо омаданд. Фаридун инро љашне фармуд ва расме шуд».


27.Шоимардонов Муњаммадшариф: Дар маљаллаи «Адаб» зери унвони «Фарњанги мухтасари шеъри форсї» вожаи «Сада» чунин шарњ ёфтааст: Сада-аз љашнњои маъруфи мардуми эронинажод, ки ба дањуми бањманмоњ мувофиќ меояд. Ба ќавле, ки аз он љињат онро Сада мегўянд, ки панљоњ рўзу шаб пеш аз Наврўз фаро мерасад. Форсиёни ќадим дар он рўз оташ бармеафрўхтанд. Ин љашн баъди зуњури Ислом њам маълум буд ва имрўз дар бисёр мањалњо онро истиќбол мегиранд.


28.Рафиева Муниса: Дар «Шоњнома»-и Њаким Фирдавсї ваќте дар бораи шоњ Њушанг сухан мекунад, аз љониби ў кашф шудани оташро зикр карда, дар њамин асос таъсис ёфтани љашни Садаро ишора намудааст. Дар девони Унсурї дар ќасидае, ки ба мадњи Амир Наср бинни Носириддини Сабуктегин бахшида шудааст, аз љашни Сада сухан рафтааст. Матлаи ќасида руљўи таърихї аст ба пайдоиши љашн ва замони Фаридуну Љамшед:

Сада љашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Љам ёдгор аст.


29.Хољаев Муњаммад: Унсурї ба санъатњои гуногун оташи Садаро гоње нури таљаллї ва заминро бињиштї хонда, гоње онро нор ва гардунро кони бељодаю бељодабор мегўяд, оташро дарахти рўшної, сарви баланд ва забонањои онро сад њазор шоха, заминро аз таъсири он лолазору оташи онро оташи Намруд ва сузандаи мављи дарё хондааст.


30.Давлатов Шоњрух: Фаррухии Систонї низ аз љашни Сада сухан гуфтааст. Дар ќасидае, ки ба Масъуди Ѓазнавї бахшида шуда, 36 байт аст, тасвири умумии љашни Сада омадааст. Дар матлаи ќасида шоир ба мамдуњаш фархундагї мехоњад:

Љашни Садаву соли наву моњи муњаррам

Фархунда кунад эзид бар Хусрави олам.


31.Убайдуллозода Њољиёќуб: Фаррухии Систонї ба њашамату бузургии љашни Сада мамдуњ банд шуда, онро аз тасвири њама гуна зебоии атроф афзалтар дониста, онро чун расми пешиниён нигањ доштааст ва шоњро ба базми май мехонад:

Љашни Садаро расм нигањ доштї, эй шоњ,

Оташ ба тањаш бурдї аз хонаи чорам.

Май хур, ки туро зебад май хурдану шодї,

Май хурдани ту мидњату они дигарон зам.


32.Шарипов Шомилљон: Фаррухї ишора ба яке аз суннатњои љашни Сада-шабона даргирондани оташ дар сарои вазир мекунад ва дар байти чорум таъкидан мегўяд, ки оташ пай дар њам шакл бадал мекунад ва баъдан ин табдили ашколро батафсил тасвир мекунад:

Равшанї бар осмон з-ин оташи љашни Сада(а)ст,

К-аз сарои Хоља бо гардун њаме њамсар шавад.

Оташе кардаст Хоља, к-аз фаровон муъљизот

Њар замон гирад нињоде, њар замон дигар шавад.


33.Мусоева Мањваш: Фаррухї оташи љашни Садаро гавњарбору гавњарпош, дарахти заррин, луъбат дар дебои сурх, хунхораи њафтони хуниндошта, душизаи зару зевардор, ёќут, кохи аќиќин, девори гирд, лолаи нуъмон, точи пургавњар, барги ларзони раз, боѓи бањорї, хуршед, ашколи Уќлидус ... гуфтааст:

Гоњ гавњарпош гардад, гоњ, гавњаргун шавад,

Гоњ гавњарбор гардад, гоњ, гавњар бар шавад.

Гоњ чун зарриндарахт андар њаво cap бар шавад,

Гањ, чу андар сурхдебо луъбати барбар шавад.

Гоњ чун ашколи Уќлидус cap андар cap шавад,

Гоњ чун хуршеди рахшанда зиёгустар шавад.


34.Хазирова Фариза: Бояд гуфт, ки дар тасвири оташи љашни Сада зиштию дањшат назар ба нафосату зебої бештар ошкор аст. Тасвир хеле мутањаррик аст ва як навъ майдони њавлноки набардро ба хотир меорад. Ин љо, аз як тараф, пайванди маънї ба сифати оташ, ки рамзи ќањру ѓазаб аст, таъмин шудааст ва аз љониби дигар, оташи љашнро мушобењ ба хашми Хоља кардааст:

Нисбате дорад зи хашми Хоља ин оташ магар,

К-аз тафаш хоро њаме дар кўњ хокистар шавад.


35.Дадабоева Мењрона: Сада на чун љашни алоњида, балки чун муждарасон аз иди Наврўз аст, зеро ки баъди 50 рўзу 50 шаб љашни Наврўз мерасад.

Сада омад, ки туро мужда дињад аз Наврўз,

Мужда бипазиру бидењ хилъату кораш битироз.


36.Болтаева Манижа: Фаррухї оташи љашни Садаро ба гули бустон, кони зар, лаъл, майи арѓувонї, байрами заъфаронї, ошиќи хурушанда, дарахти заррин, бањор, хазон, лола, наргис, ханљари шањриёр монанд сохтааст. Дар тасвири оташ ба масъалаи чор унсур руљўъ карда, оташро асосу мояи зиндагї ва њаракатдињандаи оламу одам гуфтааст.


37.Ањроров Ањмадљон: Манучењрї байни љашни Сада ва Наврўз, ки панљоњ рўз аст, зикр шуда, тохтани Наврўзро бар он тасвир мекунад:

Бар лашкари зимистон Наврўзи номдор

Кардаст ройи тохтану ќасди корзор.

В-инак биёмадаст ба панљоњ рўз пеш

Љашни Сада-талояи Наврўзу навбањор.

Оре, њар он гањ ки сипоте шавад ба разм,

3-аввал ба чанд рўз биёяд талоявор.



38.Алиева Рисолат: Ќасидаи дигари Манучењрї низ аз љашни Сада наќл мекунад. Ба ки бахшида шудани ин ќасида маълум нест. Дар матлаъ шоир њамчун руљўи таърихи пайдоиши Садаро ба замони Каюмарсу Исфандиёр нисбат медињад:

Љашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Сарв аз аќиќ бошад, ќў аз иќор бошад,

Ин мустаир бошад, он мустаор бошад.

Чун лолазор бошад, чун марѓзор бошад,

На лолазор бошад, на марѓзор бошад.


39.Сулаумонова Гулнора: Дар тасвири Манучењрї оташи Садаро шоир гоњ чун дарахти заррин, гоњ чун товуси сиёњдум, чун мурри оташин шакл медињад. Шоир мефармояд:

Омад, эй сайиди ањрор, шаби љашни Сада,

Шаби љашни Садаро њурмати бисёр бувад.

Оташе бояд, чунон ки фарози аламаш

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.


40.Њабибуллоева Манижа: Хушбахтона, имрўз мо љашни таърихиро эњё намудем, чунки рољеъ ба љашни Сада маълумоти зиёде дорем. Адибони классики форсу тољик ба монанди Фаррухии Систонї, Унсурии Балхї, Манучењрии Домѓонї, Адиб Собири Тирмизї ва дигарон дар бобати тараннуми љашни Сада ѓазалу ќасидањо офаридаанд, ки ганљинаи адабиёти моро бою ѓанї гардонидаанд. Чанде аз байтњои ќироатшудаи имрўзаи хонандагон гувоњи ин гуфтањоянд.


Омўзгор Зумратов А.Х.: Инак, соати тарбиявї бахшида ба љашни Сада ба поён мерасад. Ягона таманнои мо, аз Шумо, шогирдони азиз, дар он аст, ки бо њам тифоќу дўст бошед, аз худ калонро њурмат кунед, нисбат ба табиат ва падидањои он эњтиром содир намоед, дар дилатон мењру муњаббат, сулњу салоњ, некиву накўкорї, шуљоату далерї, ростќавливу мардонагї, мењнатдўстї ва дигар хислатњои њамидаи инсониро љой бидињед. Худро чун фарзанди содиќи падар нишон дода, бо Ватани љонољон – Тољикистони азиз бипайвандед ва фахр намоед.

Ба њаматон гармиву рўшної ва тансињативу дониши аъло таманно дорам. Хайр, то љашни Садаи оянда!

Получите свидетельство о публикации сразу после загрузки работы



Получите бесплатно свидетельство о публикации сразу после добавления разработки


Серия олимпиад «Зима 2025»



Комплекты учителю



Качественные видеоуроки, тесты и практикумы для вашей удобной работы

Подробнее

Вебинары для учителей



Бесплатное участие и возможность получить свидетельство об участии в вебинаре.


Подробнее